(АКС) Spirit аз Эстония мураббӣ даъват кардааст
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷавонон даъват кард, барои солимии ҷисмонию фикронӣ бештар ба варзиш рӯй биёранд. Ҷаноби Абдуллозода ин нуктаро рӯзи 2 март дар шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи толори варзишии Spirit иброз дошт.
Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода солимии миллат ва солимии фикриву рӯҳӣ аз варзиш вобастагӣ дорад. Ӯ афзуд, “варзишгари касбӣ ҳамон вақт муваффақ мегардад, ки дар шароити хуб тамрин бубинад”.
Дар расми ифтитоҳи маркази варзишии Spirit, варзишкорони касбии кишвар, назири Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Дилшод Восиев ва дигарон иштирок доштанд. Хуршед Бегматов, раҳбари ин толори варзишӣ ба ozodagon.tj гуфт, марказ бо тамоми ҷиҳози замонавии тамрини бадан муҷаҳҳаз шудааст. “Ин ҷо ҳудудан 12 навъи варзиш, монанди аэробика, фитнес, самбо, бокс, кикбокс, таэквондоро зери раҳбарони устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ мешавад машқ кард. Барои омӯзиши аэробика, спининг ва чандеи дигар мураббиёнро аз Эстония даъват кардаем”.
Макази варзишии Spirit толори занона низ дорад, ки ба гуфтаи ҷаноби Бегматов ба занону духтарон устодони варзиш аз дохил ва хориҷи кишвар машқ медиҳанд. Ӯ мегӯяд, нақша доранд, ояндаи наздик толори нигаҳдории кӯдакон низ созмон бидиҳанд: “Баъзе занҳо мехоҳанд, ки тамрин кунанд, аммо бо сабаби тифли хурд доштан ба варзиш машғул намешаванд. Бо кушодашавии ин марказ онҳо метавонанд, кудакони худро биёранд ва озодана ба варзиш машғул шаванд”.