Сактаи қалб ва даргузашти Юсуфбеков дар пеши “ЦУМ”(АКС)
Суҳроб Юсуфбеков, ки вақтҳои охир вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» -ро уҳда дошт, субҳи имрӯз, 3-юми март бар асари сактаи қалб дар пеши Фурӯшгоҳи марказии пойтахт (ЦУМ) даргузашт.
Тавре наздикони Юсуфбеков ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ӯ аз қабл ҳам аз дарди дил азият мекашид. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Юсуфбеков ҳангоми ҳаракат дар роҳи пиёдагарди пеши Фурӯшгоҳи марказӣ аз дилаш қапида, баъдан аз оҳани канори зинапоя доштааст: “Аммо худашро нигоҳ дошта натавонист ва якбора ба замин зад. Мо наздаш рафтем, доруи дар кисааш бударо ба даҳонаш мондем, аммо натавонистем, ӯро наҷот диҳем”.
Як зане, ки аз аввалин шуда ба ёрии Юсуфбеков шитофтааст, аз он изҳори таассуф намуд, ки табиб нест ва натавонист, саривақт ба ниёзманд кӯмак кунад: “Ба ёрии тиббии таъҷилӣ занг задем, хеле дер, қариб ним соат пас омад”.
Ҳайати “Озодагон” дар робита ба даргузашти Юсуфбеков ба наздиконаш ҳамдардӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳон аст.