Оғози баррасии шикояти Раҳматило Зоиров дар Додгоҳи олӣ
Имрӯз, 3 март Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии шикояти кассатсионии ҳуқуқшинос -- Раҳматило Зоиров дар иртибот ба парвандаи Шуҳрат Қудратов оғоз мекунад. Дар ин бора оқои Зойиров ба “Озодагон” иттилоъ дода афзуд, шурӯи баррасии шикоят дар соати 10:00 дар назар аст.
13 январи соли равон Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон кард. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.
Ин ҳукм вокиниши шадиде миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷрияро дар он калидӣ хонданд. Ба дунбол, рӯзи 21 январ Раҳматило Зоиров аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд.