Даргузашти бародари Кароматуллоҳи Қурбон дар 59-солагӣ
Маҳмадулло Қурбонов, бародари хонандаи зиндаёди тоҷик – Кароматуллоҳи Қурбон дар сини 59-солагӣ даргузаштааст.
Яке аз дӯстони Маҳмадулло Қурбонов ба “Озодагон” гуфт, ӯ ҳудуди як моҳ дар беморхона бистарӣ буд ва чанд соати пеш аз олам чашм пӯшидааст: “Қарор аст маросими видоъ пешини сешанбеи 3 март дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шавад”.
Маҳмадулло Қурбонов дар гузашта ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Данғара кор мекардааст ва баъди кушта шудани Кароматуллоҳи Қурбон ба зодгоҳаш, рустои Партизани Сурх, ҳоло Чорсу бармегардад. Ӯ овозхонӣ ҳам мекард ва чанд сурудаш хеле маъруф ҳам шуда буд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ бо Кароматуллоҳ низ таронаҳои муштарак дорад: "Писарони Маҳмадулло -- Рамазон ва Сироҷ ҳам касби амаку падарашонро интихоб кардаанд. Сироҷ навозандаи хуб ва Рамазон овозхон ва оҳангсози хуб аст".