Гузориши Лебедев ба Президент: Интихобот демократӣ буд!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ, баъди зуҳри 2-юми март Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.
Лебедев, раиси Кумитаи иҷроия-дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил, ки барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин иттиҳод сурат гирифт.