Ду коммунисте, ки Шабдолов қабул надорад, депутат шуданд (ВИДЕОҲО)
Ҷаббор Ахмедов, раиси собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар пайи як “ҷанҷол” дар анҷумани пешазинтихотии коммунистҳо охири моҳи декабри соли гузашта аз ҳайати ин ҳизб хориҷ шуд, дар ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров пирӯз шудааст.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон коммунисти дуюмеро, ки дар ҳавзаи якмандатии Истаравшан баранда шуда, ба парлумон роҳ ёфтааст, Иброҳим Абдуллозода мегӯяд, ки дар гузашта раҳбарии шаҳри Истаравшанро ба уҳда доштааст.
Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин ду депутути коммунистро қабул надорад ва изҳор медорад, Ҷаббор Ахмедовро аз ҳайати ҳизб охири моҳи декабр хориҷ кардаанд. Инчунин ба гуфтаи ӯ Иброҳим Абдулозода низ ба ном коммунист аст, чун дар корҳои ҳизбӣ иштирок намекунад.
Қаблан дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби коммунист, Ҷаббор Ахмедов, ки дар ғасби мақоми райиси ҳизби коммунист дар вилояти Суғд муттаҳам мешуд, ба мавқеи дуюми Исмоил Талбаков дар рӯйхати ҳизбӣ эътироз оварду хостори аз зинаи дуюм лағв кардани номи ӯ шуд. Баъдан бо нишони эътироз толорро тарк намуд ва ба дунбол Шодӣ Шабдолов масъалаи аз узвияти ҳизб хориҷ карданашро ба миён гузошт. 76 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод раъй доданд.
Ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон кард, ки бино ба иттилои пешакӣ Ҳизбки коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ ҳамагӣ 2,3 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.
ВИДЕОҲОИ ҷанҷол дар анҷумани коммунистҳо: