Кабирӣ: Агар субот хоҳанд, бояд бо ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад...(ВИДЕО)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вокуниш ба натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки ҳизбаш бо 1,5 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, тамоми тарафдорони ҲНИТ-ро бо пирӯзӣ табрик кардааст. Ӯ дар пайи ҷаласаи паси дарҳои бастаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, тариқи муроҷиатномаи видеоияш ба тарафдорони худ изҳор доштааст, ҳаққи онҳоро ҳифз ва барқарор хоҳад кард.
Кабирӣ афзудааст, тамоми нишонаҳои рӯи даст аз ояндаи душвори Тоҷикистон дарак медиҳанд ва барои субот ва берун баромадан аз буҳронҳо бояд миёни ҳукумат ва тарафдорони ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Кабирӣ дар ин навор тарафдоронашро ба сабру шукргузорӣ даъват намуда, афзудааст, сабр барои субот маънои ҳимоят накардан аз ҳаққи худ нест. Ӯ таъкид намудааст, бо роҳҳои қонунӣ роҳбарияти ҲНИТ ҳаққи тарафдоронашро ҳифз ва барқарор хоҳад кард.
Вай аз ҷумла изҳор доштааст, ки бандаи муъмину мусалмон бояд барои ҳар неъмату мусибат шукр гӯяд ва онро, ки тарафдорони ҳизбаш заҳмат кашидаанду дар назди Ватану миллат ва виҷдони худ эҳсоси қаноатмандӣ доранд, пирӯзӣ хондааст: “Мутмаинам, ки якояки шумо дар кори кардаи худатон ва ҳизбатон дар ин маъракаи интихоботӣ розӣ ҳастед ва нишон додед, исбот кардед, ки ҲНИТ ҳаст, мемонад ва месозад ва ин як воқеияти раднашаванда аст”.
Раиси ҲНИТ бо зикри буҳронҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар минтақа, изҳор доштааст, мумкин дар оянда сафи бекорӣ меафзояд ва қурби пули миллӣ рӯз ба рӯз поён рафта истодааст: “Тамоми омилҳое, ки имрӯз дар кафи даст дорем, мутаассифона барои мо як ояндаи осонро нишон намедиҳанд, балки як ояндаи душворро нишон дода истодаанд”.
Ӯ барои он ки миллату кишвари мо аз ин буҳронҳо берун шавад як суботи дохилиро зарур хондааст: “Суботи дохилӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки байни ҳукумат ва раъият, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта бошад. Имрӯз ба мову шумо 56 ё 58 ҳазор овоз эълон карданд, бигзор мо аз садҳо ҳазор суҳбат намекунем, бигзор ҳамон 56-ро ҳам асос қарор бидиҳем, байни ҳукумат ва 56 ҳазор аъзои ҲНИТ бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, агар мо субот мехоҳем”.
Кабирӣ аз тарафдорони ҲНИТ даъват намудааст, тамоми корҳоро барои суботи дохилӣ анҷом бидиҳанд: “Вале ин ба он маъно нест, ки мову шумо аз ҳаққи худ, аз манфиатҳои худ ҳимоят накунему дифоъ накунем. Сабр, таҳаммул ва талош барои субот бояд бошад ва инчунин дар паҳлӯяш дифоъ аз ҳаққи худ ва талош кардан барои расидан ба адолат бояд бошад. Қонун ин ҳамаро муайян кардааст, роҳро пешбинӣ кардааст ва иншоаллоҳ роҳбарияти ҳизб, масъулони ҳизб қадам ба қадам дар чорчӯби қонун талош кунанд, ки ҳаққи ҳар як аъзои ҲНИТ ва тарафдори ҳизб риояву барқарор шавад”.
Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қабл аз зуҳри имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро эълон кард. Ба иттилои ин ниҳод, ҲХДТ, ҲАТ, ҲИИТ ва ҲСТ ҳадди панҷдарсадиро убур карда ва дар парлумони оянда курсӣ хоҳанд дошт. Ба эълони натиҷаҳои муқадамотӣ раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсӣ ба таври мухталиф вокуниш карданд.
Саидҷаъфар Исмонов: Мо ҷабрдида нестем
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон натиҷаи муқаддамотии овозҳоро, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон шуд, шаффоф арзёбӣ кард. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “1,7 дарсад овоз гирифта бошем ҳам маълум, ки интихобкунанда дорем ва аз ин хотир барои ба даст овардани овози мардум бояд дар оянда бо барномаҳои нав ба нав баромад кунем”.
Ба гуфтаи раиси демократҳои Тоҷикистон, интихоботи имсола нисбат ба интихоботҳои қаблӣ хело шаффоф баргузор шудааст. “Аз ҳама барои мо оромиву субот заруртар аст. Идеяи мо давлатро демократӣ кардан аст, ки алакай давлат худаш демократӣ аст. Мо дар сари қудрат ҳастем, нестем низом худ мемократӣ мебошад. Албатта аҳзобе, ки мехоҳанд низомро исломӣ кунанд ё коммунистӣ кунанд, мумкин ақидаи онҳо дигаргун бошад. Ба ҳамин хотир ин барои мо ягон ҷойи нигаронӣ нест. Дар умум бигирем, мо ҷабрдида нестем, зеро ки ҳамон раванду идеяе, ки Ҳизби демократ дорад, низоми мо демократӣ аст ва албатта агар сохт коммунистӣ мешуду мо овоз намегирифтем барои сохторро демократӣ кардан, мубориза мебурдем. Ин ки ба мо овоз надоданд, маънии онро надорад, ки мо вокуниш нишон диҳем, баръакс ба мо лозим аст, ки боз хубтар бо мардум кор кунем”,-афзуд ӯ.
Зоиров: шикоят ба КМИР ё додгоҳ бефоида аст
Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон натиҷаи аввалияи интихоботро, ки ахиран Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ эълон кард, ношаффоф арзёбӣ намуд. Ҷаноби Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон”, 0,5 дарсад раъйи ҲСДТ–ро шикастани раъйи мардум, шикастани мардумсолорӣ дар Тоҷикистон унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ин интихобот аз интихоботҳои пешин ноадолатонатар доир гарид: “Соли 2005 фоизи овозҳоро ба ҳизби аз мо 1,7%, 2010 0,8% ва акунун дар ин интихобот 0,5% кардаанд”.
Раҳматилло Зоиров иброз дошт, аз тақаллубкориҳои интихобот маводҳо дар даст доранд, ки тариқи ВАО ба чоп хоҳанд расонд. Ӯ мегӯяд, аз таҷрибаи интихоботҳои гузашта маълум аст, ки ба КМИР ва ё ба додгоҳ шикоят бурдан ҳеч натиҷае намедиҳад.