(ВИДЕО) Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот: ҲХДТ 65,2%, ҲНИТ 1,5%....
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботии парлумонии рӯзи якуми мартро эълон кард.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ дар нишасти хабарии созмонёфтае рӯзи 2 март гуфт, ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ба иттилои аввалия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дарёфти 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсади раъйи мардум муваффақ шудааст. Тибқи иттилои раҳбари КМИР ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби демократ 64 ҳазору 547 кас ё 1,7%, Ҳизби сотсиал-демократ 18 ҳазору 875 ё 0,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5% раъй додаанд.
Ба ин тартиб, аз рӯйҳати ҳизбӣ ҲХДТ -- 16 мандат, ҲАТ -- 3, ҲИИТ -- 2 ва ҲСТ -- як мандатро соҳиб шуданд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони феълӣ ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд. Бо ин ҳол, дар парлумони нав танҳо ҲХДТ фраксия хоҳад дошт.
ВИДЕОИ ЭЪЛОНИ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТ ДАР BAMBUSER
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, аз 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафари дорои ҳаққи раъй, 3 миллиону 791 ҳазору 827 танашон пойи сандуқҳо омадаву овоз додаанд, ки 87,8 дарсадро ташкил медиҳанд. Тибқи қонун “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” на дертар аз 7 рӯзи баъди интихобот дар матбуот рӯйхати вакилони интихобшуда бояд нашр шавад.