Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ бойиси марги як нафар гардид
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ронандаи 28 сола ба ҳалокат расид.
Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, субҳи дирӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ Лиганзе» Файзулло Неъматуллоеви 28 сола, аснои ҳаракат ба шоҳроҳи Душанбе- Чанок дар километри 105-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 30 метр сарозер шуда, дар оби рӯд ғарқ мешавад. Дар натиҷа, сарнишини мошин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса мефавтад. Ба иттилои расида, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол ёфтаанд.{jathumbnail off}