Маҳкумияти Исҳоқов барои иҷораи хона ба аъзои “Бандаи ГТА”
Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА” ба як солу як моҳ равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои мақомоти Русия, Исҳоқов бо ҳамсараш хонаеро дар шоҳроҳи Дмитровск ба иҷора гирифта, ҳамчун хобгоҳ муҷаҳҳаз намудаанд ва аз моҳи август то 6 ноябри соли 2014 ба 10 муҳоҷир аз Осиёи Миёна ба иҷора додаанд: “Аз ҷумла Абдумуқим Мамадҷонов ва як узви дигари Гуруҳи ГТА дар миёни иҷоранишинон будаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, Исҳоқов ва иҷоранишинони дигараш дар ҷиноятҳои “Гуруҳи ГТА” даст надоранд. Аммо Исҳоқов аз қабл дар мавриди ҳузури ғайриқонунии иҷоранишинонаш дар Русия хабар доштааст ва бинобар ин бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба як солу як моҳи зиндон маҳкум шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки Исҳоқов дар додгоҳ “гуноҳ” -ашро эътироф карда, аз додрас хостаст, ӯро ба ҳабс маҳкум накунад. Қаблан Муҳаббат Паҳлавонова, ҳамсари Исҳоқов ба хабаргузориҳои русӣ гуфта буд, ин манзилро соли 2013 ба иҷора гирифта ва чанд вақт пеш онро тарк карда буданд: “Ҳамсояи мо дархост кард, дӯстонашро дар ин хонаи иҷора ҷой диҳем ва мо ҳам розӣ шудем”.
Аъзои Гуруҳи ГТА, ки моҳи ноябри соли 2014 боздошт шудаанд, дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мешаванд. Мақомоти Русия эълон карданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари асосии он Рустам Усмонов дар амалиёти боздошт, кушта шуд. Роҳбари идеологии ин созмон, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва пайрави “Ҳизб-ут-Таҳрир” муаррифӣ мешавад, ба иттилои мақомоти рус ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба Афғонистон ва баъдан ба Покистон фирор намудааст.