Шокирҷон Ҳакимов: Бояд на кам аз 80% овоз мегирифтам...
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии №19, Конибодом мегӯяд, аз тақаллубҳои интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шикоят мебарад.
Ӯ, рӯзи 2 март ба “Озодагон” раванди интихобот дар ҳавзаи мазкурро ғайришаффоф арзёбӣ карда, аз ҳолатҳои зиёди тақаллуб ва фишор ба нозиронаш ва раъйдиҳандаҳо нигаронӣ кард. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, гӯиё пирӯзии ӯ ба мардум боиси нигаронии президент ва шурӯи ҷанг дар кишвар арзёбӣ шуда, аз интихобкунандаҳо хоста шудааст, ба ҷонибдории номзади ҲХДТ овоз диҳанд: “Раванди интихобот нишондод, ки дар Тоҷикистон ё иродаи сиёсӣ нест ё усули дугона вуҷуд дорад ва ба ғайр аз президент дигар доираҳои мушаххас манфиатҳои худро пиёда мекунанд, ки ҳадафи онҳо муташанниҷ гардонидани вазъ ва беобрӯ кардани раисҷумҳур низ ҳаст”.
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси раванди иштирок ва баргузории вохӯриҳо бо интихобкунандаҳо ва руҳияи сокинон бояд беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст меовард“Агар теъдоди иштирокдорони вохӯриҳо ва руҳияи мардумро ба назар гирем ман бояд беш аз 80 дарсад овоз гирам, аммо инҳо кушиш мекунанд, то овозҳои ба ман додашударо 10 фоиз нишон диҳанд. Доираҳои муайян ин интихоботро низ ба манфиати худ истифода карданд ва мардум аз тарзу усули баргузории интихобот руҳафтода шуданд. Ин гуна баргузории интихоботро дар Конибодом ё умуман мислашро дар Тоҷикистон шояд касе надида буд”.
Рақиби аслии Шокирҷон Ҳакимов дар ин ҳавза Равшан Раҷабов номзади ҲХДТ буд.