Дар оғоз кормандони агентӣ ӯро ба гумони интиқоли маводи мухаддир дар меъда аз вуруд ба ҳавопаймо манъ ва ба бинои агентӣ оварданд. Баъди фурсате бо роҳҳои табиӣ аз ӯ 60 адад ғилофаки пур аз ҳероин берун оварда шуд, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии агентӣ ҳудудан 500 грамм вазн дошт. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ бо моддаи 200, моддаи 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.{jathumbnail off}