Шикояти ҲНИТ: Рӯбарӯи исми номзадҳои мо “хонача” нест
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ишора нашудани ҷойи интихоб дар рӯбарӯи исми номзадҳои худ дар баъзе варақаҳои раъйдиҳӣ нигаронӣ дорад.
Бобоҷони Қаюм, масъули Шӯъбаи иттилооти Ситоди интихоботии ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар баъзе аз варақаҳои раъйдиҳӣ дар рӯбарӯи номи номзадҳои ин ҳизб барои аломати "+" ё ҷамъ гузоштан, хонача ишора нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино, 22 ва дар яке аз ҳавзаҳои раъйдиҳии ноҳияи Рӯдакӣ мушоҳида шудааст: “Субҳи 1 март ҳангоми овоз додан дар ҳавзаи Сино, 22, интихобкунандаҳо ба номзади ҲНИТ - Муҳсин Эшназаров занг зада мегӯянд, мо мехоҳем ба Шумо овоз диҳем, вале дар муқобили номатон хонача вуҷуд надорад. Мо чи кор кунем?”
Ҷаноби Қаюм мегӯяд, макони интихоб ё худ “хонача” дар рӯбарӯи номзадҳои дигар аз аҳзоби сиёсии кишвар вуҷуд дорад.