ВИДЕО: Интихобкунандаи 93-сола: Нагузоштам, ки писарам ба ҷои ман овоз бидиҳад
Мавҷия Одинаева, сокини 93-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, даъвати писараш дар бораи нарафтан ба нуқтаи овоздиҳӣ бо далели солманд буданро напазируфт.
Ӯ, ки барои раъй додан, ба нуқтаи овоздиҳии воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем омада буд, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “писарам гуфт, ки мераваму ба ҷои ту овоз медиҳам, аммо рад карда, гуфтам мераваму ба номи худам овоз медиҳам”.
Мавҷия Одинаева мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳамеша дар интихоботҳо иштирок мекунад, аммо имсол барояш даъватнома наоварданд. Масъулини ҳавзаи интихоботӣ бошанд, гуфтанд, онҳо танҳо барои афроди зери сини 80 даъватнома фиристодаанд: “Барои интихобкунандаҳое, ки синашон болотар аст, сандуқи сайёр ташкил шудааст. Рафта дар манзилҳояшон раъйи онҳоро мегирем”.
ВИДЕОИ СУҲБАТИ МАВҶИЯ ОДИНАЕВА ДАР BAMBUSER