Кабирӣ: Бе тақаллуб, ҳатман як фраксияро хоҳем дошт (ВИДЕО)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 1 март зимни овоздиҳӣ дар участкаи рақами 34-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт изҳори умед кард, интихобот хуб ва бе тақаллуб ҷамъбаст хоҳанд шуд.
Кабирӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, умед дорад, ин интихоботи парлумонӣ ба ҷаҳониён нишон хоҳад дод, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи демократия аст: "Умед аст, дар баробари он аҳзобе, ки буданд ҳизбҳои нав вориди парлумон мешаванд”.
Ӯ бо зикри маҳдудияту монеаҳо дар маъракаи таблиғотӣ изҳори умед кард, бо ҷамъбасти хуб он мушкилиҳо ҷуброн хоҳанд шуд.
Кабирӣ дар мавриди пешгӯии қаблӣ, ки ҲНИТ ҳадди ақал 5 курсиро дар парлумон ба даст хоҳад овард, афзуд, аз рӯи натоиҷи мулоқоташ бо интихобкунандаҳо, “агар натиҷагирии хуб ва бе тақаллуб аз раъйи мардум сурат гирад, ҳатман мо як фраскияро дар парлумон хоҳем дошт”. ВИДЕОИ овоздиҳӣ ва суҳбати Кабирӣ бо хабарнигоронВИДЕОИ 2-и суҳбати Кабирӣ