АКСУ ВИДЕО: Умеди Саидҷаъфар Исмонов ба шаш курсӣ дар парлумон
Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон мегӯяд, умед доранд, шаш курсии парлумони оянда насиб онҳо мешавад.
Оқои Исмонов, ки дар ҳавзаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, барои раъйдиҳӣ омад, зимни суҳбат гуфт, “мо ҳафт номзад дорем, чор нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва 3 нафар дар ҳавзаҳои якмандатӣ. Умед аз шаш курсӣ дорем”.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2010-и кишвар 1 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.
Саидҷаъфар Исмонов аз ҳавзаи якмандатии рақами 34-ноҳияи Фархор номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аст. Ахиран дар ин ҳавза се рақиби ӯ, аз ҷумла, Сафаралӣ Шарифов – номзад аз Ҳизби халқӣ- демократӣ, Нуриддин Азаматов – номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Мавлонбӣ Тӯраева – номзади худпешбар аз идомаи рақобат дар ин ҳавза даст кашиданд. Ҳоло дар ҳавзаи мазкур бо ҷаноби Усмонов барои дарёфти курсӣ дар парлумони Тоҷикистон Зайниддин Юсуфов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Юсуфхон Сайфиддинов, ки худпешбар аст, вориди рақобатанд.
Исмонов дар шарҳи дасткашии 3 рақибаш аз идомаи рақобат гуфта буд, ин тасмими онҳо шонси ӯро барои соҳиб шудани курсии вакилии Маҷлиси намояндагон хеле зиёд кардаанд: “Мо бо Сафаралӣ Шарифов дар як мактаб хонда дар як ҷамоат ба воя расидаем ва агар ин нафар ва намояндаи ҲАТ номзадиашонро гирифта бошанд, шонси ман хеле ва хеле бештар мешавад”.
Дар ҳавзаи якмандатаи рақами 34-и Фархор 11 ҳазору 732 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод танҳо 1 ҳазору 908 нафар нахустин бор пой ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ мегузоранд ва 9 ҳазору 590 нафари дигари интихобкунандагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.