(ВИДЕО) Рустам Латифзода: Умед дорем, курсиҳои бештарро соҳиб мешавем
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, интихобот дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Ӯ, субҳи имрӯз, якуми март баъди иштирок дар раъйдиҳӣ дар ҳавзаи №5, воқеъ дар бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” ҷараёни интихоботро шаффоф арзёбӣ кард. “Мардум ҳам бо як ҳиси баланди масъулиятшиносӣ ба интихобот меоянд”.
Оқои Латифзода афзуд, умедворанд, дар қиёс ба интихоботи гузашта раъйи бештареро соҳиб мешаванд: “Дар парлумони гузашта се курсӣ доштем, умед дорем, ин навбат овози бештар мегирем. Боз аз раъйи мардум вобаста аст”.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар моҳи декабри соли 2005 таъсис ёфта, ба иддаои масъулинаш ҳоло беш аз 47 ҳазор аъзо дорад.