Дар Душанбе 5-умин мусобиқаи байналхалқӣ оид ба тениси калон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон сурат пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ҶДММ «Вавилон» иттилоъ доданд, дар ин чорабинии варзишӣ зиёда аз 64 тенисбози ҷавон аз 8 мамлакат ширкат варзиданд. Ширкатҳои ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т», ки доимо чунин чорабиниҳоро сарпарастӣ менамоянд, дар мусобиқаи мазкур низ ҳамчун сарпарасти кулл ширкат варзиданд. Ширкати «Вавилон-Мобайл» дар маросими пӯшидашавии ин мусобиқаи олӣ ба ҳамаи мукофотгирандаҳо телефонҳои мобилӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Манбаъ афзуд, яке аз намояндаи ширкати мазкур қайд кард, ки саҳмгузорӣ дар варзиши кӯдакон ин пеш аз ҳама саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас ва ба таври ҷисмониву фикрӣ ташаккули насли нави Тоҷикистон аст. Ба ҳамин хотир яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ширкати мо ин кӯмак расонидан ба рушди мутаносиби ҷамъият, пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ба ҳисоб меравад,-афзуд ӯ.{jathumbnail off}