Дарёфти бастаи "афюн" аз дохили BMW
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба иттиҳоми қочоқи афюн хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи ҷустуҷӯи кормандони ин ниҳод аз автомошинаи “БМВ”-и сокини ноҳияи Бохтар як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг ошкор гардидааст: “Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн мебошад. Соҳиби автомашина нишон дод, ки афюнро аз сокини дигари ноҳияи Бохтар харидорӣ намудааст.”
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бидуни бурдани номи нафари боздоштшуда, мегӯяд, ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони ин ниҳод ба дунболи муайян ва боздошт кардани “фурӯшандаи афюн” мебошанд.