Э. Раҳмон дар ҳаққи қурбониёни барф: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми феврал ба ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, дар робита ба фавти садҳо шаҳрванди Афғонистон дар пайи барфрезию фаромадани тарма изҳори тасаллият намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми тасаллияташ аз ҷумла иброз доштааст, ки «Ҷалолатмаоб, хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт”.
Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Ҷалолатмаоб хоҳиш кардааст, ки “ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонед. Худованди мутаъол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи барфрезии шадид ва фаромадани тарма дар Тоҷикистон низ 5 нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷон бохтанд.