(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...
Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи мухолифин ва як гуруҳ имомхатибони масоҷиди минтақаи Рашт имрӯз, 27-уми феврал тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон баромад карда, аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки дар интихобот аз Ҳизби Ҷаноби Олӣ пуштибонӣ кунанд.
Руҳониёни Рашт бо раҳбарии сархатиби худ ҷонибдории хешро аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) эълон карда, таъкид намуданд, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб овоз хоҳанд дод. Ин гуруҳи руҳониёни минтақаи Рашт, ки дар даст аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доштанд, афзуданд, ки ба нерӯ ва тавоноии ин ҳизб барои наҷот додани онҳо аз ҳар гуна хатару чанги камбағалӣ бовар доранд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов зимни ин гузориш баромад карда, изҳор дошт, ки тавре Ҷаноби Олӣ дар паёмашон ба парлумон, гуфтанд, “вақте ҷойнамозро гузоштед, дар ҳаққи тинҷию оромӣ дуо кунед. Ман ҳам даъват мекунам, ки мусалмонони кишвар дар ҳаққи оромӣ дуо кунан. Мо дида истодаем давлатҳои абарқудрате, ки дар гирду атрофи мо ҳастанд, мехоҳанд моро ҷангу ҷидол андозанд. Аммо чун зӯри мо ба вайҳо ба ҳеч тариқат намерасад, мо мусаламонони тоҷик беҳтарин силоҳ дорем. Мо дуо мекунем, ки Худо вайҳоро ба мақсадашон нарасонад, мамлакатро моро тинҷ нигаҳ дорад. Ман аз ҳамаи сархатибони Тоҷикистон, илтимосу хоҳиш мекунам, ки беҳтарин силоҳи мо назди Худованд дуо аст ва дар ҳаққи миллати тоҷик, тинҷии Ватан ва дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуои нек кунед, ки Худованд моро аз ин балоҳо нигоҳ дорад”.
Мирзохӯҷа Аҳмадов
Яке аз онҳо, ки худро Сархатиби минтақаи Рашт муаррифӣ намуд, таъкид кард, ки 1 марти соли равон ҳамаи онҳо ба тарафдорӣ аз ҲХДТ овоз хоҳанд дод: “Вазифаи сархатибии ноҳияи Раштонзамин бар дхши ман аст ва дар ин минтақа 6 масҷиди ҷомеъ ва 143 масҷиди панҷвақта фаъолият дораду дар ҳамаи онҳо вохуриҳо анҷом додаем. Бо итминони қалб гуфта метавонем, тамоми намозгузорони онҳо ваъда додаанд, ки ҷонибдори сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмону сиёсатҳои пешгирифтаи ӯ мебошанд ва ба ҳизби таҳти раҳбарияш овоз медиҳем ва бовар дорем, ки ин ҳизб қудрату тавоноӣ дорад, ҳамаи моро аз вартаи камбағалӣ ва таҳдидҳои дигар наҷот диҳад. Аз ин рӯ, мо бояд овози худро ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон диҳем.”
Сархатиби минтақаи Рашт дар идома низ хост, калимаи Ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар гирифта шавад. Ӯ гуфт, “Исломи мо ба ҳизб ниёз надорад ва мо мардуми Раштонзамин таклиф дорем, ки калимаи “Ислом” аз номи ҲНИТ берун карда шавад ва ин ҳизб, Ҳизби наҳзати Тоҷикистон номгузорӣ шавад”.
Сархатиби минтақаи Рашт
Садоҳо аз гузориши Шабакаи аввал сабт шудааст