Қурби миёнаи доларии ИМА дар Тоҷикистон рӯ ба боло рафтан дорад. Таври мисол, рӯзи 16-уми май дар нуқтаҳои фурӯш ва мубодилаи асъори пойтахт қурби миёнаи арзи амрикоӣ баланд шуда, дар ҳудуди 4,6220-4,6420 сомонӣ қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” масъули маркази матбуотии Бонки Миллӣ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, дар ин миён, аз рӯи амалиёту мубодилаи пулӣ арзиши рубли русӣ ва евро каме паст фаромада 1 рубли русӣ ба 0,1635-0,1653 сомонӣ ва 1 евро ба 6,5300-6,5500 сомонӣ баробар шудаанд. Бояд гуфт, рӯзи 13 май ва рӯзҳои истироҳат қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,6010-4,6180 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод.