Лағви пурраи лиммити барқ дар Тоҷикистон
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, шурӯъ аз имрӯз, 27 феврал маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон пурра аз байн бурда шуд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи ваъда аз ин ба баъд сокинони деҳоти кишвар бо барқи 24-соатӣ дар шабонарӯз таъмин хоҳанд шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, 27 феврал, як рӯз пеш аз интихоботи парлумонии кишвар, маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон пурра лағв шавад. То имрӯз аҳолии деҳот то 19 соат барқ мегирифтанд.
Ҷаноби Ёдгорӣ қаблан дар пайи сард омадани боду ҳаво ва резиши зиёди барф дар Тоҷикистон гуфта буд, вазъи боду ҳаво дигар боиси пурзӯр шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинон нахоҳад шуд: “Имрӯзҳо боду ҳаво хуб пешбинӣ мешавад ва ҳангоми бардоштани маҳдудияти рӯзонаи интиқоли барқ ба сокинони деҳот ин сардии ҳаво ба назар гирифта шуда буд“,- афзуд ӯ.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон нерӯи барқро бо лиммит мегиранд. Имсол нисбат ба солҳои пешин як моҳ қабл ин маҳдудият лағв карда шуд. Дар ҳоле ки баъди як рӯз сокинони Тоҷикистон барои интихоби намояндагони худ дар парлумон барои панҷ соли оянда ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ мераванд, аксари коршиносон лағви маҳдудияти интиқоли барқро ба ин маърака рабт дода, онро як навъи “таблиғот” аз ҷониби ҳукумат ба тарафдории ҳизби ҳоким медонанд.