Минатдории Эмомалӣ Раҳмон аз вакилони парлумони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ дар охирин ҷаласаи даъвати чоруми парлумон фаъолияти панҷсолаи палатаи поёниро касбӣ хонда, ба он баҳои баланд дод.
Ба қавли ӯ, дар ин панҷ сол вакилон бештар ба боварии интихобкунандаҳо сазовор шудаанд. Ҷаноби Зуҳуров ба дарёфти беш аз 4 ҳазор дархости хаттӣ ва 31 ҳазор дархости шифоҳии мардум ба Маҷлиси намояндагон ишора карда, гуфт, ҳамаи он аз сӯи вакилон баррасӣ ва аксарият ҳалли худро ёфтанд. Дар ҷаласаи рӯзи 27 феврал раиси палатаи поёнии парлумон аз ҳамкории хуб миёни идораҳои давлатӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, зимни қабули лоиҳаи қонунҳо назари созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ба назар гирифта шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, қонунҳое, ки дар ин панҷ сол қабул шуданд, ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ нигаронида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаву муҳокимаҳои мунтаззам дар парлумон сабаб шуданд, то раҳбарияти идораҳо масъулият ҳис намуда, маблағҳои буҷавиро мақсаднок истифода баранд. Ҷаноби Зуҳуров дар идома изҳори минатдории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварро ба вакилони даъвати чорум расонида, аз ВАО-и давлативу ғайриҳукуматӣ барои пахши гузоришҳои беғараз изҳори сипос намуд.
Дар поёни суханронии худ ӯ аз вакилоне, ки дар даъвати панҷум вориди парлумон мешаванд, даъват намуд, бештар бо мардум наздик шаванд ва ҳангоми таҳияи қонунҳо онро ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд.