Мурофиаи чор зодаи Тоҷикистон, ки дар терроризм муттаҳам мешаванд, 2 март идома меёбад
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи чор зодаи Тоҷикистон, ки дар терроризм ва омодагӣ ба амалҳои террористӣ муттаҳам мешаванд, дар ҳоли анҷомёбист.
Бино ба иттилои расонаҳои Русия Муродҷон Усмонов, бародарон Қодирҷон ва Комилҷон Қосимовҳо ва Илҳомҷон Эрматов бо он муттаҳам мешаванд, ки гӯиё қасди тарконидани яке аз марказҳои бузурги савдои Нижний Новгородро доштаанд. Ба фарзияи тафтишот, Муродҷон Усмонов яке аз саркардаҳои ячейкаи “Ҳизбут-таҳрир” дар Нижний Новгород будааст. Ҳадафи ин созмон сарнагун кардани кишварҳои ғайрисломӣ ва созмони давлати исломӣ бо роҳи таъсиси “Хилофати ҷаҳонии Ислом” унвон мешавад.
Ба иттилои “КоммерсантЪ”, дар ҷараёни тафтишот маълум шуда, ки соли 2012 Усмонов ҳамроҳ бо шаҳрванди Узбакистон -- Абдурафиқ Ортиқов аъзои ячейкаи ин созмони мамнӯъро таълим дода, нафарони навро ба ҳайати он ҷалб кардаанд. Онҳо дар таҳияи варақа ва адабиёте, ки ба рӯйхати матолиби экстремистӣ шомил аст, низ машғул будаанд. Бародарон Қосимовҳо ва Эрматов аз ҷумлаи афроди ҷалбшуда гуфта мешаванд. Таҳқиқи парвандаи мазкур аз моҳи ноябри соли 2012 идома дорад. Тафтишот гуфтааст, ячейкаи мазкур танҳо ба омӯзиши адабиёти иэеологӣ маҳдуд нашуда, соли 2012 бо таҳияи бомби худсохт қасди тарконидани яке аз марказҳои савдои шаҳр – “Шоколад”, “Фантастика” ва ё “Республика”-ро доштаанд. Ба иттилои расмӣ авохири соли 2012 онҳо боздошт ва аз манзилашон се дастгоҳи мунфаҷира, компютер ва дастгоҳи аккосӣ ёфт шудааст.
Аммо айбдоршавандаҳо мегӯянд, боздошташон ғайриқонунӣ ва иттиҳомот алайҳашон сохта аст. Умед Қосимов, бародари дигари гумонбарон - Қосимовҳо дар додгоҳ гуфтааст, дар пушти саргардонии ин 4 зодаи Тоҷикистон корфармои қаблии онҳо аз Узбакистон -- Абдурафиқ Ортиқов истодааст, ки аз онҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия беш аз 100 000 рубл гирифту онҳоро фиреб дода, бо тӯҳмат ба мақомот супурд. Ба гуфтаи Умед, ин корфармо барои онки қарзашро барнагардонад, алайҳи бародаронаш баёноти бардурӯғ додааст. Бо ин ҳол, айбдоршавандаҳо ва вакилони дифои онҳо хостори аз парванда берун кардани чанд нишондодро кардаанд. Ба қавли адвокатҳо, бозпурсӣ бидуни тарҷумон сурат гирифта, ҳангоми кофтуков кормандони вижа иштирок надоштаанд. Ин кормандон бояд маводи аз манзили айбдоршавандаҳо ёфтаро дуруст мекарданд, ки то замони анҷом шудани ташхис онҳо тваз карда нашаванд. Аммо намояндаҳои прокуратура ба мавҷудияти тамоми аснод барои дурустии кори кормандони мақомот ишора карда, тақозои рад шудани тақозои адвокатҳоро кардаанд. Додраси парванда ин тақозои прокуратураро қонеъ кардааст.
Мурофиаи навбатӣ рӯзи 2 март дар назар аст.
Акс аз Коммерсантъ