Абдукапаров дар қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб айбдор мешавад
Алайҳи Бакит Абдукапаров, ҳамсари собиқ додситони кулли Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон хабар медиҳад, Абдукапаров дар қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мешавад.
“Дар рафти тафтишот муайян гардид, як гуруҳ бо роҳи фиреб ба хотири ҳамдастӣ барои қатъи парвандаи ҷиноии бозшуда аз тарафи Кумитаи амнияти Қирғизистон алайҳи масъулини “Тазалиқ” 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд ва тибқи гуфтаҳои шоҳидон дар ин қазия Абдукапаров низ даст дорад.”- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Аида Салянова, завҷаи Абдукапаров охирҳои моҳи январии соли равон бо хоҳиши худ аз вазифаи додситони кулли Қирғизистон истеъфо дод. Ӯ ин тасмимашро баъд аз як суҳбати рӯбарӯ бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард ва чанде баъд дар шарҳи сабаби истеъфояш дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “аз симмати додситонии кулли Қирғизистон рафтанӣ набудам, вале пуштибонӣ нашудан аз сӯи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури кишвар маро водор кард, ин тасмимро бигирам.”
Аммо расонаҳои қирғизӣ дар шарҳи истеъфои ӯ навиштанд, ки эълони истеъфои додситони кулл баъд аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи шомил будани номи ҳамсари ӯ дар парвандаи ҷиноие ба миён омад.
Дар акс: Аида Салянова