Ректори нав камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгориро ифшо кард
Носирҷон Салимов, ректори навтаъини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ як қатор камбудиҳои ин муассисаро ифшо кардааст.
Академик Салимов, ки охири соли гузашта ба ҷои Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ таъин шуд, изҳор доштааст, дар донишгоҳ ҳарчанд низоми таълим кредитист, аммо аз шакли анъанавӣ фаровон истифода мешавад: “Ҳол он ки талабот дар низоми кредитӣ аз низоми анъанавӣ ба куллӣ тафовут дорад”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Носирҷон Салимов аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки азхудкунии фанҳои тахассусӣ дар сатҳи паст, вале дар ғайритахассусӣ баланд мебошад. Инчунин ректор сатҳи саволномаҳои тестиро номувофиқ арзёбӣ карда, тарзи суолгузориҳоро бисёр ҳам саҳлу сода унвон намудааст: “Масалан, навишта шуда, ки "Гулистон" асари кист?". Ва дар посух чор вариант пешниҳод мешавад, ки яке Саъдӣ Шерозӣ мебошад. Бо ин гуна тестсозиҳо сатҳи саводи донишҷӯро дуруст муайян карда наметавонем ва ҳаргиз баҳои воқеӣ ба дониш дода намешавад”.
Манбаъ мегӯяд, Салимов такмили маводҳои таълимӣ-методиро яке аз масоили муҳим хонда, дар ин робита муовинони ректор, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳо супориши қатъӣ додааст: “Нақшаҳои таълимӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд. Ҳанӯз ҳастанд фанну соатҳое, ки нолозиманду онҳоро бояд ихтисор кунем. Танҳо дар сурати таҳияи дурусти нақшаҳои таълимӣ метавон маоши кормандонро боз ҳам баланд бардошт”.
Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамчунин омӯзгорон ва роҳбарони сохторҳоеро, ки ҳатто, то ду воҳиди корӣ дар сарбориашон дарс гирифтаанд, шадидан интиқод намуда, зикр кард, онҳое, ки чунин корро раво дидаанд, ҳеч дарсе намегузаранд. Ӯ инчунин ба масъалаи такмили ихтисос дахл карда, афзудааст, ки он аз мадди назар дур мондаааст ва ё дар қолаби куҳна амалӣ мешавад: “Дар дохили ҷумҳурӣ аз курси такмили ихтисос гузаштан хуб аст, вале бояд бикӯшем, ки омӯзгорон дар хориҷи мамлакат ихтисосашонро такмил бахшанд. Маҳз дар ин замина метавон аз усулҳои муосири таълим огаҳӣ пайдо карда, онҳоро дар донишгоҳ ҷорӣ намоем”.
Дар ниҳоят Академик Салимов аз тобеинаш дархост кардааст, ки қавоиди мавҷударо қатъан риоя кунанд.