Р.Раҳимзода: Шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои авомфиреб хоси фарҳанги волои миллати куҳанбунёд нест
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 26 феврал дар мулоқот бо донишҷӯёни як қатор донишгоҳҳои кишвар аз ҷавонон даъват кардааст, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании кишвар фаъолона ширкат намуда, нақши муассир дошта бошанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода дар ин мулоқот иброз доштааст, ки ҷавонон бояд ояндасози миллати хеш бошанд, зеро маҳз ҳушёрии сиёсӣ, сатҳи баланди дониш ва якдилию якдигарфаҳмӣ ҷомеаро ташаккул дода боиси пешрафти кишвар мегарад. Ба таъкиди ӯ, шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои авомфиреб ва даст задан ба зуҳуроти номатлуб хоси фарҳанги волои миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик нест: “Бояд аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва дигар кирдору рафторҳои ғайриинсонӣ ҳазар намуда, дар роҳи расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, ки созандагию ободонӣ ва рушду тараққиёт аст, қувваю нерӯи худро сарф намоем”.
Ба иттилои манбаъ, вазири умури дохилӣ донишҷӯёнро барои машғул шудан ба варзиш ва омӯзиши илму маърифат ҳидоят намуда, изҳор доштааст, “сарвари давлат ҷиҳати беҳдошти шароити ҷавонон дар омӯхтани илму дониш пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид менамояд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Маҳз ҳисси хештаншиносию худогоҳии ҷавонон дар ҷомеа мавқеи намоёнро ишғол карда, он қадами боэътимодест барои расидан ба ҳадафҳо ва ояндаи дурахшони кишвар”.
Дафтари матбуотии ВУД мегӯяд, дар ин вохӯрӣ чан тан аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо баромад намуда, гуфтаанд, ҳадафашон ҷавони муосир будан ва тавассути омӯхтани илму дониш ба сӯи ояндаи дурахшон, барои ободию осоиштагии мардуми кишвар ҷаҳду талош варзидан аст.