Вохурии Ализода бо вазири умури дохилии Қазоқистон
Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бо Калмуханбет Касимов, вазири умури дохилии ин кишвар мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар медиҳад, вохурии Ализода бо Касимов рӯзи 25 феврал дар шаҳри Остона сурат гирифтааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба тартиби будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди кишварҳои якдигар ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор шудааст.