ҶУЗЪИЁТИ боздошти “Мулло Шералӣ”, ки бо кирму қурбоқа табобат мекардааст
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат аз боздошти Шералӣ Пардаев, маъруф ба “Мулло Шералӣ” хабар доданд.
Шоми 25-уми феврал, Вазорати умури дохилӣ бо пахши гузорише тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон "Мулло Шералӣ"-ро дар мардумфиребӣ ва гумроҳ сохтани сокинон муттаҳам арзёбӣ кард. Ба иттилои манбаъ, ин сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат гӯиё бо баҳонаи табобати бемориҳои безурётӣ, лакнати забон, бемории қанд, чашм ва монанди инҳо ба боварии мардум даромада, аз онҳо маблағ меситонидааст. Дар гузориш гуфта шуд, беш аз 30 нафар ба доми фиреби Шералӣ Пардаев афтидаанд: “Ӯ асосан беморонро бо кирму қурбоқа табобат мекардааст”.
Манбаъ мегӯяд, Шералӣ Пардаев соли 2010 бо ҷурми истеъмоли маводи нашъадор суд шуда, дар соли 2013 барои мардумфиребӣ ҷаримаи ҳангуфт баста шуд: “Вале ӯ ислоҳ нашуда, бо мақсади ба даст овардани молу сарват бо фиребу найрангҳои худ ба дили сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои ноҳияи Файзобод роҳ ёфта, гуйё мисли ӯ муллои нотакрору табибе нест. Ӯ беморонро бар ивази маблағҳои калону ҷавоҳироти тиллоӣ дуо мехондааст”.
Худи Шералӣ Пардаев дар ин гузориш иқрор кард, ки мақсадаш бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағ будааст: “Пули таштоб 40- 80 сомонӣ, боз 400-500 сомонӣ пули бозбанд медоданд. Мақсадам ҳамин буд, ки халқро фиреб кунам, бовар кунанду пула тиянд ҳамон чизи нашадора харида истифода барем”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “Мулло Шералӣ” беморонро дар ошхонаи канори роҳи Ваҳдат-Душанбе ба дуову табобат фаро гирифта, соҳибони ошхона низ ба ӯ имкон фароҳам овардаанд: “Ӯ бо худ қурбоқаеро оварда нафароне, ки аз иллати безурётӣ муроҷиат мекардаанд, ба онҳо ваъдаи фарзанддор шудан карда, ба тани қурбоқа дуо мехондааст. Барои шифоу мадад беморонро ба гуристону мазорҳо ҳам мебурдааст”.
Дар посух ба ин савол, ки чаро бемороне, ки ба шумо муроҷиат мекарданд, шифо наёфтанд ва чигуна табобат мекардед, боздоштшуда гуфт, “хай бо сураҳои Қуръон ҳам мешавад, хай шифо аз ҷониби Оллоҳ аст, лекин ин як сабаб мешавад-ку тақсир, банда ҳунарашро мекунад”.
Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ, Шералӣ Пардаев, таълимоти динӣ надошта, аз 9 фарзанди хонавода 7-умин буда, ҳамагӣ то синфи 9 таҳсил кардааст: “Тақрибан 18 сол аст бо аҳли хонавода ва модараш робитаву дидор надорад” .
Модари Шералӣ Пардаев гуфт, борҳо хост писарашро аз ин роҳ баргардонад, вале ба гуфтаҳояш гӯш намедод: “Маро суроғ намекунад, ман ба ӯ гуфтам, ки ту одам нашудӣ гашта дигар хонаам набиё, ман туро оқ кардагӣ, дигар чӣ бигум, ҷазоша судҳо, шумо бидиҳед, аз дастам чизе намеояд”.