Боздошти узви фирории “Гуруҳи 24” дар Аврупо
Мақомоти Финляндия Сулаймон Давлатов, зодаи 31-солаи ноҳияи Ваҳдатро, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик дар ташкили гуруҳи ифротӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои мусаллаҳонаи террористию экстремистӣ муттаҳам мешавад, боздошт кардаанд.
Дар ин бора Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” хабар дода, Давлатовро узви фаъоли ин созмон арзёбӣ кард. Ба иттилои Ҳафизова, Давлатов ахиран дар пайи фишорҳо болои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳри Санкт Петербург ба Финляндия рафтааст: “Аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд ва 20 феврал аз тарафи Интерпол боздошт шудааст”.
Ба қавли ӯ, дар иттилоияе, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба Интерпол ироа шудааст, таъкид гардида, Сулаймон Давлатов бо ҳаммаслаконаш дар Русия гуруҳи ифротӣ ташкил намуда, дар интернет ба таблиғи ҳаракатҳои ифротӣ машғул шудаву шаҳрвандонро ба гуруҳҳои мусаллаҳи эктремистию террористӣ даъват менамудааст. Зикр шудааст, ки Давлатов дар ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Сурия даст дорад.
Дар иттилоияи Тоҷикистон, ки охири моҳи январи соли равон ба Интерпол ироа шудааст, инчунин гуфта шудааст, ки санади ҳабси Давлатов аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи декабри соли 2014 содир шудааст ва дар сурати боздошташ ба мақомоти тоҷик фавран иттилоъ дода шавад.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора шарҳе ироа накардаанд ва дар сурати дастрас шудани назари онҳо “Озодагон” онро пешкаши хонандаҳо мекунад.