Барканории ду мансабдор: Барои хунукхӯрию интизориҳои мардум
Ҷумъахон Давлатов, сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” ва Абдулхайр Алиев, раҳбари Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт аз мақоми худ барканор шудаанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, барканории Ҷумъахон Давлатов ва Абдулхайр Алиев дар ҷаласаи кории шоми 24 феврал дар ҳузури Убайдуллоев сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, далели аслии барканории раҳбарони ду корхонаи коммуналии пойтахт, дар сатҳи зарурӣ таъмин нашудани сокинони Душанбе бо хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш дар рӯзи 24 феврал арзёбӣ мешавад.
“Рӯзи 24 феврал бо боридани барфи сахт дар Душанбе аз бемасъулиятии мансабдорон сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ба аҳолии пойтахт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда буд. Ин боис гардид, ки мусофирони зиёде соатҳо дар истгоҳҳои пойтахт зери ҳавои сард дар интизори нақлиёти мусофиркаш буданд ва ба кор ва дигар ҷойҳои зарурӣ сари вақт нарасидаанд”,- мегӯяд манбаъ.