Тағйирот дар қонуни идҳо: Тоҷикистон соҳиби ҷашни нав шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми феврал бо вуруди тағйирот ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” мардуми кишварро расман соҳиби як ҷашни дигар карданд.
Тибқи тағйироте, ки ба тасвиб расид минбаъд ҳамасола 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад. Ин пешниҳод ба парлумон аз ҷониби ҳукумати мамлакат ироа гардид.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 14-уми феврали соли 2014 дар мулоқот бо соҳибкорон пешниҳод карда буд, ки ҳамасола 14-уми октябр чун рӯзи соҳибкорон таҷлил гардад ва дар хитоб ба онҳо таъкид намуд, “мо метавонем якҷоя ба тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ истодагарӣ карда, лоиҳаҳои миқёсан бузургро амалӣ намоем. Мо бояд як масъалаи муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоишта дастовард ва неъмати беназири мо мебошад.... Мо шарикӣ ва дӯстиро қадр мекунем, ба ҳамкорӣ ва идомаи фаъолияти муштарак доимо омода ҳастем.”