Вуруди ғайриқонунии меваҳои Узбакистон ба Тоҷикистон
Хадамоти гумрук мегӯяд, аз вуруди ғайриқонунии меваҳои хушки Узбакистон ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қирғизистон ҷилавгирӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, зимни як амалиёт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, мошини “Камаз”-ро боздошт намудаанд: “Ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки дар бордони ин мошин мавизи сиёҳ ба миқдори 17 тоннаю 746 кило ва 550 кило мавизи нимранги "Ангури калон"-и истеҳсоли Узбакистон дар дохили халтаҳо пинҳон карда шуда, тариқи Қирғизистон ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд”.
Хадамоти гумрук мегӯяд, тафтишот муайян намудааст, ки ин меваҳо ба Бахтиёр Нормамадов, сокини 38 солаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ доранд: “Феълан алайҳи Нормамадов барои саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши ин қазия идома дорад”.