Боздошти “мубаллиғ”-и тоҷики Давлати Исломӣ дар Маскав
Расонаҳои Русия аз боздошти як марди тоҷик дар Маскав иттилоъ медиҳанд, ки дар таблиғи созмони террористии “Давлати исломӣ” муттаҳам мешавад.
Ба иттилои мақомоти пулиси Маскав, ин мард, ки дар кӯчаи Образсова, назди маркзаи тиҷории Савеловский боздошт шудааст, дар интернет торнамо боз карда, дар он наворҳои ифротии таблиғкунандаи “Давлати исломӣ”-ро нашр мекардааст: “Бо нашри ин наворҳо боздоштшуда амалҳои террористиро пуштибонӣ карда, ба фаъолияти террористию ифротгароӣ даъват кардааст”.
Додгоҳи олии Русия соли 2014 “Давлати исломӣ”-ро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар ҳудуди ин кишвар мамнӯъ эълон кард.