Minchenko: Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хатарҳои сиёсӣ дорад
Холдинги “Minchenko Consulting” бо нашри як гузориш дар мавриди хатарҳои сиёсӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки тайи соли 2014-ум таҳия шудааст, шароити сармоягузории Тоҷикистонро бадтарин дар минтақа хондааст.
Дар гузориш кишвари аз нигоҳи сиёсӣ нисбатан мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ Қазоқистон арзёбӣ шуда, дар пайи он Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Гузоришгарон мегӯянд, дар гузориши як соли қабл низ кишварҳои минтақа ба ҳамин тартиб ҷой гирифта буданд, аммо феълан дар пайи таъсири таҳримҳо алайҳи Русия ва густариши нуфузи Давлати Исломӣ хатари сармоягузорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ афзоиш ёфтааст: “Хатари асосӣ дар он зоҳир мешавад, ки сиёсат умумию оммавӣ нест ва махсусан дар Тоҷикистону Узбакистон “қоидаҳои бозӣ” ба манфиати ин ё он гуруҳ бозбинӣ мешаванд. Чунин ноустуворӣ монеаи калон дар ҷалби сармоягузорони бузург мебошад”.
Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки хатари сиёсӣ дар Қазоқистон барои сармоягузорони хориҷӣ нисбатан кам буда, Туркманистон низ дар баробари буҳронҳои сиёсии дохилӣ нисбатан устувор мебошад: “ Дар қиёс вазъ дар Узбакистон номуътадил ба назар мерасад ва ин аз он ҷумла ба интихоботи президентии ин кишвар дар моҳи марти соли равон ва вазъи саломатии Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар рабт дорад”.
Дар мавриди Тоҷикистон муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки “назорат ва идораи кишвар дар дасти Эмомалӣ Раҳмон ва наздикону шахсони боэътимоди ӯ қарор дорад. Ҳукумати Раҳмон таҳдидҳо аз ҷониби Узбакистон ва хатари такроршавии ҷанги дохилиро дар кишвар муътадил нигоҳ медорад”. Инчунин қайд шудааст, дар пайи ду инқилоби охир Қирғизистон ҳанӯз муътадилиятро пурра ба даст наовардааст.
Дар гузориш инчунин таъкид шудааст, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба минтақаи Осиёи Марказӣ зарбаи сахт задаанд ва омили дигари номуътадилӣ дар ин минтақа метавонад бозгашти оммавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия шавад.