Бешимов: Душанбе иҷозаи ташкили консулгарӣ дар Хуҷандро намедиҳад
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Тоҷикистон барои ташкили консулгарии ин кишвар дар Хуҷанд иҷоза намедиҳад.
Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон, имрӯз, 25-уми феврал зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар изҳор дошт, ки бо чандин номаи расмӣ аз Тоҷикистон ифтитоҳи консулгарӣ дар Хуҷандро дархост кардем: “Посухи расмӣ то ҳол нагирифтаем, аммо дар гуфтушунидҳои шифоҳӣ онҳо иҷоза надода истодаанд ва далел меоранд, ки гӯиё мавқеи ҷойгиршавии Хуҷанд барои ташкили консулгарӣ номувофиқ аст”.