Қатъи пеш аз муҳлати ваколати Насрулло Маҳмудов дар парлумон
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ваколати Насрулло Маҳмудовро бинобар сабаби додситони вилояти Хатлон таъин шуданаш, қабл аз муҳлат қатъ намуд.
Насрулло Маҳмудов, ки дар интихоботи парлумонии панҷ соли қабл аз ҳавзаи Конибодом ба парлумон омад, 20 феврал бо фармони додситони кулл курсии прокурори вилояти Хатлонро соҳиб шуд. Аз ин пештар Сироҷиддин Нурзода, додситони вилояти Хатлон дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти мақоти назоратӣ аз мақом барканор шуда буд.
Насрулло Маҳмудов 12 майи соли 1963 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, фориғутаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. То соли 2010 ба сифати додситони шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.