Амонҷон МАҲКАМОВ
Ҳафта гузашта наврас Б.А-и 15 сола дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон худро ба дор овехта, ҷон додааст. Мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ноболиғ субҳи рӯзи ҳодисаи баамаломада бо бародараш дар мавриди нигоҳубини чорвои хонагӣ кашокаш карда, ҳамдигарро «хафа» мекунанд.
Ба гуфтаи Қудратулло Ҳақназарзода, муфаттиши прокуратураи ноҳия, пас аз расидани хабари расмӣ аз ҷониби милитсия, намояндагони ин ду мақомот ба ҷойи ҳодиса рафта, муайян намудаанд, ки ноболиғ Б. А. дар болори оғил, бо истифода аз ресмони полиэтиленӣ худро ба дор овехтааст.
- Рафти санҷиши ҳуҷҷатҳои ҷамъоваригардида нишон дода истодааст, ки як соли охир муносибатҳои оилавии байни модар ва падари марҳум Б.А. вайрон гардида, зуд-зуд миёнашон муноќиша сар мезадааст, - мегӯяд муфаттиш.
Бино ба маълумоти Чорибой Дурманов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия, ноболиғ Б.А. хонандаи синфи 9 буда, як ҳафта пеш аз маргаш дар дарсҳо иштирок накардааст.
Гулчеҳра Бобоҷонова, равонпизишк аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ки инсон дар айёми наврасӣ хеле «нозук» мешавад. Чунки ҳамаи узв дар ин синну сол ба таври комил рушд намекунад ва барои ҳамин ҳам бардошти ҳамагуна мушкилотро надорад. Ҳатто як ҷанҷоли оилавӣ ва ё ранҷиши сахти қалби ӯ метавонад сабаби ба миён омадани ҳар гуна амалҳои номатлуб шавад.
- Бояд гуфт, ки ҳар инсон ҳам иродаи мустаҳкам надорад. Таъсири бад ба асаб ва асабонишудани одам, онро ба ҳар амале мебарад, - мегӯяд, равоншинос. - Ҳамон лаҳза инсон худро гум мекунад, яъне идора карда наметавонад ва роҳи халосиро дар худкушӣ мебинад.
Дар мавриди муайян кардани сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғ дар прокуратураи ноҳия Носири Хусрав гуфтанд, ки ҳоло аз рӯйи маводҳои ҷамъоваришуда тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ низ дар ноҳияи Носири Хусрав бо ҳамин усул як духтари 16-солаи ноҳияи номбурдашуда худро ба ҳалокат расонида буд.