Пайдо шудани ҷасади домоди собиқи Назарбоев дар зиндони Австрия
Ҷасади Роҳат Алиев, собиқ домоди Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистонро дар зиндони Австрия пайдо кардаанд. Масъулини ин зиндон дар суҳбат бо хабаргузории “Reuters” гуфтаанд, Алиеви 52-сола даст ба худкушӣ задааст.
Роҳат Алиев, ки то соли 2001 яке аз тоҷирони муваффақ ва дуюмин нафар дар мақомоти амниятии Қазоқистон маҳсуб меёфт, бо Дарига, духтари Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Соли 2001 ӯро ба ҳайси сафир ба Австрия фиристоданд ва баъдан дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо айбдор карданд. Худи Алиев гуфта буд, тасмимаш барои номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шудан, хашми Нурсултон Назарбоевро барангехта ва сабаби таъқибаш шудааст.
Роҳат Алиев аз баҳори соли 2007 дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебурд. Соли 2008 додгоҳи Қазоқистон Роҳат Алиевро дар ғайбаш барои анҷоми ҷиноятҳои вазнине, назири хиёнат ба Ватан, талоши табадуллоти давлатӣ ва куштор, аз ҷумла дар қатли менеҷерҳои “Нурбонк” - Жолдас Тимралиев ва Айбар Хасенов гунаҳкор дониста, ба 40 соли зиндон маҳкум кард.
Моҳи июни соли 2014 Роҳат Алиев дар шаҳри Вена боздошт шуд ва Додгоҳи Австрия баъд аз ду бори рад кардани дархости ҷониби Қазоқистон барои бозпас фиристоданаш ба Ватан ӯро дар куштор муҷрим шинохта ба зиндон фиристод.