Бедарак шудани духтарони аз 17 то 20-сола дар 3 рӯзи охир
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз бедарак шудани духтарони аз 17 то 20 сола тайи се рӯзи ахир дар минтақаҳои гуногуни кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба шуъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванд Акрамова Гавҳари 44-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 20-уми феврали соли равон, соати 12:00 духтараш Акрамова Насиба соли таваллудаш 1996, аз хона баромада то ҳол барнагаштааст.
Инчунин ба иттилои манбаъ 21-уми феврал ба пулис дар шаҳри Хуҷанд, Муллоев Дилшодҷони 23-сола аз гумшавии хоҳари 20-солааш хабар додааст: “Муллоев арз доштааст, ки санаи 18-уми феврал, соати 18.40-дақиқа хоҳараш Муллоева Дилфуза соли таваллудаш 1995, аз хона баромада бедарак шудааст.
Ҳолати сеюми гумшавии духтари ҷавон дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст: “Ба пулис шаҳрванд Ҷабборов Абдуқаҳҳор соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гули Сурх, муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми феврал, соати 10:00-дақиқа набераи ноболиғаш Ганҷинаи Икромзод соли таваллудаш 1998, аз хона баромада то ҳол барнагаштааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан барои пайдо намудани шахсони бедарак гумшуда аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.