«Дидгоҳи мо. Стратегияи мо. Нақшаи мо».
Таҳти чунин чанд лаҳза қабл, дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и Душанбе бахшида ба таҷлили рӯзи умуиҷаҳонии туризм ҳамойиши дуюми миллии ҷаҳонгардии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард. Аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ки конфронси мазкур шоми имрӯз идома ёфта, дар он намояндагони ҳамаи бахшҳои туризм, муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳо ва созмонҳои байналмилалию сафоратхонаҳо ширкат менамоянд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин нишаст, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷонибҳои манфиатдори соҳаи туризмро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои баррасиву муҳокима намудани « Туризм ҳамчун яке аз ҷанбаҳои асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон» бо ҳам меорад. Гузашта аз ин, иштирокчиёни ин конфронс, ҷиҳати амалигардонии барномаи давлатии рушди туризм дар давраи солҳои 2010-2014 низ гуфтугӯъ менамоянд.{jathumbnail off}