Бадахшон дар "муҳосира"-и барф: Роҳбандӣ ва мушкили барқу алоқа
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан вилояти Бадахшон дар “муҳосираи барф” қарор дорад.
Тавре аз ин ниҳод имрӯз, 23-юми феврал ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асари барфрезии шадиди чанд рӯзи ахир дар Бадахшон роҳи Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим баста мебошад. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба "Озодагон" гуфт, "феълан дар самти роҳи Душанбе-Хоруғ, дар километри 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рушон низ бар асари фаромадани тарма роҳ муваққатан баста мебошад. Дар роҳи Хоруғ-Мурғоб дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ-Ишкошим дар километри 5,6,8 низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар мавзеъҳое, ки тарма фаромадааст наҷотдиҳандагони ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои бартараф намудани оқибатҳо фаъолият мебаранд”.
Манбаъ қайд намуд, ки айни ҳол ҳаракат дар шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон, Душанбе-Ҷиргатол, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод кушода буда, танҳо ағбаи Хобуробот маҳкам мебошад.
Инчунин тавре сокинони Бадахшон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бошандагони бархе аз навоҳии вилоят ба мушкили бебарқӣ ва алоқаи мобилӣ рӯбарӯ шудаанд. Аз ҷумла бар асари тахриби симчӯбҳо дар деҳаи Баҷув, даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон интиқоли барқ ба ин ноҳия аз марказ қатъ шудааст. Сокинон мегӯянд, бо наздиконашон дар бархе аз деҳаҳои Рӯшон тамос гирифта наметавонанд, чун алоқаи мобилӣ дастнорас аст.
Бино ба иттилои расида, дар пайи тахриби канали нерӯгоҳи хурди “Техарв” дар ноҳияи Ванҷ ҳазорҳо сокини ин ноҳия бе неруи барқ мондаанд. Аз ин пештар “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки дар минтақаи Ниводаки назди Хоруғ ду манзили истиқоматӣ зери тарма монда, дар натиҷа пойи як зан зимни наҷоти фарзандонаш аз зери тарма шикастааст.
Акс аз фейсбук