Ифротгароӣ байни ҷавонони Хуҷанд боиси нигаронист
Мавзуна ВАҲҲОБОВА
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тарафдорони равияҳои гуногун, аз ҷумла экстремистию террористӣ фаъолияти худро пурзӯр кардаанд. Онҳо ҳаракат доранд, вазъиятро ноором ва амнияти миллиро халалдор намоянд. Ба ин хотир, тарафдорони ин вазъият ба ҳар гуна равияҳо шомил гашта, ҷавонони сустиродаро ба доми худ мекашанд.
Чуноне ки қаблан дар шаҳри Панҷакенту ноҳияи Спитамен гуруҳҳои экстремистӣ дастгир шуданд, дар шаҳри Хуҷанд ҳам чандин ҷавонони гумроҳ ба даст афтоданд.
- Зиёда аз 11 сол дар маҳбас будам ва дар тули ин солҳо ба хулоса омадам, ки чӣ тавр аз надонистани аҳкоми диниву шариат ба роҳи нодуруст рафтам, - гуфт яке аз шомилгаштагони ҳизби “Таҳрир” -- Зайниддин Қосимов (насаб иваз карда шуд).
Вале аҳли хонаводаи Зайниддин мегӯянд, рӯзҳои аввали маҳбусии Зайниддин ким-кадом шахсон ба онҳо кумаки моддию молиявӣ мерасониданд. Пасон он қатъ гардид. Тавре коршиносон мегӯянд, равияи экстремистии «Ҳизбуттаҳрир» ҳанӯз соли 1952 ташкил гардида, дар давлатҳои Араб, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Сурия ва Лубнон ҷонибдорони худро пайдо кард.
-Маълум аст, ки ҳадафи стратегӣ ва асосии ҳизб таъсиси хилофати исломӣ мебошад. Тибқи ақидаи Ҳизбуттаҳрир масъалаи асосӣ барои мусулмонони тамоми ҷаҳон таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин, ҳокими ягонаи мусулмонон таъйин кардани халифа мебошад, - ибрози ақида дорад устоди сиёсатшинос Б.Алимов («Тирози xаҳон» №101 аз 17.12.14).
Пас аз даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ин равия то ба ҷумҳурии Тоҷикистон доман паҳн кард ва ҷавонони зиёдро ба худ шомил гардонд.
Зайниддин Қосимов низ узви фаъоли ин ҳизб дониста шуда, додарону хоҳаронашро ҳам ба узвияти ҳизб дохил карданд.
- Ҳоло аз карда сад пушаймонам, зеро додарам дар маҳбас асту хоҳаронам дар дигар давлатҳо маскун шудаанд, оилаи тинҷам парешон гардид. Нав фаҳмидам, ки китоби муқаддаси Қуръон ба таҳрир ниёз надорад. Онро Худованди таъоло ба таври олӣ ба Паёмбараш фиристодааст, - мегӯяд Зайниддин.
Аз ҷиҳати паст будани маърифати динӣ ва дониши мукаммали исломӣ ҷавонон ба ҳар гуна равияҳо шомил гашта, ҷони худу пайвандон ва дигар ҳаммиллатонро ба хатар мегузоранд. Рӯзе мисли қаҳрамони маводи мо пушаймон мегарданд.
- Албатта, рӯзе мерасад, ки ҷавонон аз ҳадафи аслии ин равияҳо бохабар мегарданд, вале нашавад, ки мисли ман дери дер фаҳманд, - хулоса намуд Зайниддин Қосимов.
“Тирози ҷаҳон”