Баъди даҳ сол. Гумонбар дар қатли сокини 26-солаи Масчоҳ боздошт шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздоштои як сокини 30-солаи ноҳияи Масчоҳ хабар дод, ки гуфта мешавад, бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, 10 соли ахир дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Манбаъ аз дастгиршуда Суҳроб Юсупов ном бурда мегӯяд, ӯ сокини деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти Обурдони Масчоҳ мебошад ва дар куштори сокини маҳаллӣ -- Муҳсин Баюрови 26-сола дар моҳи марти соли 2005 гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои ВУД, даҳ сол қабл Суҳроб Юсупов бо истифодаи корд дар пайи як муноқиша дар ҷамоати Суғдиён, маъруф ба Такалаи Масчоҳ, Муҳсин Баюровро ба ҳалокат мерасонад: “Гумонбаршуда давоми 10 сол барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пинҳон мешудааст”.