Худи ҳамон рўз ҳайат дар маросими давлатии ёдбуд ва ҷанозаи устод Бурҳониддин Раббонӣ ширкат варзида, ба намояндагӣ аз президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ин шахсияти бузург ва нотакрори таърихи муосири Афғонистон арзи эҳтироми самимӣ ва амиқ намуданд.
Бурҳониддини Раббонӣ дўсти сиддиқи мардуми Тоҷикистон буд. Ў дар таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо ва тақвияти дўстии таърихии ду кишвар саҳми арзишманд дошт. Устод бо симои нуронӣ, сирати воло, лаҳни нарму шево, меҳру самимияти хос, гуфтор ва рафтори ҳакимона, азизи ҳар хонадони Тоҷикистон буд. Шоистаи зикр аст, ки тибқи таъкиди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ин абармарди дунёи сиёсат лоиқи достонҳо буда, шаҳодати ҷонгудози ў барои Афғонистон ва минтақа, барои тамоми мардуми сулҳхоҳ талафоти ҷуброннопазир аст.
Дар маросими гиромидошти шаҳиди ростини озодиву истиқлоли Афғонистон, ки бар асари амалиёти ғаддоронаи нерўҳои аҳриманӣ ба ҳалокат расид, тамоми ҳайати роҳбарии давлати Афғонистон, ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Туркия ва сафирону намояндагони кишварҳои зиёди муқими Кобул ширкат вазиданд. Зимни суханронии хеш раисҷумҳури Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай устод Раббониро шахсияти муассиртарини таърихи Афғонистони навин арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки тибқи тасмими ҳайати давлат ба ў унвони «Шаҳиди сулҳ» дода шуд. Писари устод Раббонӣ -Салоҳиддин дар маросими ҷаноза суханронӣ намуда, падари бузургвори хешро «Шаҳиди роҳи озодӣ ва сарбаландии Афғонистон» номид.
Тибқи қарори ҳукумати Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ дар теппаи Вазир Муҳаммад Акбархон ба хок супурда шуд, ки дар ин мавзеъ мақбара ва боғи бузург ба масоҳати бист гектар бунёд хоҳад шуд. Шоми ҳамон рўз ҳайат аз сафоратхонаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул боздид намуда, ба шароиту кору фаъолияти дипломатҳои тоҷики шиносоӣ пайдо кард.
Субҳи 24 сентябр ҳайати намояндагони ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон пазируфта шуд. Дар ҷараёни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бори дигар аз номи роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва самимиро бо шаҳодати ҷонгудози устод Бурҳониддин Раббонӣ - раҳбари ҷиҳод, муқовимат ва сулҳ ба хонаводаи шарифи устод, раҳбарӣ ва тамоми мардуми бародари Афғонистон самимона тасллият арз намуд. Мардуми Тоҷикистон дар ин рўзҳо ба суги устоди шаҳир нишаста, дар ҳар хонадон ёди неки ўро менамоянд. Тавре Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон таъкидан зикр намуданд, устод Бурҳониддин Раббонӣ шахсияти бузурги Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд ва корномаи таърихии ватандўстонаи ў даҳсолаҳо фарзандони ростини Афғонистонро дар масири сулҳ, субот, ободӣ ва пешрафти Афғонистони бародар нерўи азими маънавӣ ва рисолатӣ хоҳад бахшид, -изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров. Бурҳониддин Раббонӣ беш аз 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсии Афғонистон қарор дошт; ў аз раҳбарони муассир ва созандаи ҷиҳод ва муқовимати қаҳрамононаи мардуми Афғонистон буд, ки дар солҳои охир қаҳрамони воқеии сулҳ гардид. Устод шахсияти дурандеш ва оқили сатҳи ҷаҳонӣ буд: ў таҳдидот ва хатарҳои башариро беҳтар аз дигарон дарк мекард ва сулҳро ниёзи ҳаётии Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон медонист. Ў дар ин рисолати воло фидокорона пайкор намуд ва шаҳид гардид. Ман мутмаинам, ки дар бораи шахсияти воло ва корномаи таърихии ў достонҳо суруда хоҳад шуд. Ёди устоди арҷаманд дар қалби мардуми шариф ва қаҳрамони Афғонистон, афроди озода ва неки минтақа ва ҷаҳон доиман зинда хоҳад буд.
Ҳомид Карзай бо таъкиди мақоми воло аз нақши барҷастаи устод Бурҳониддин Раббонӣ дар ҷиҳод ва муқовимати мардуми он кишвар барои озодиву истиқлол ва сулҳ дар кишвар ёд намуда, аз тасллият ва ҳамдардии самимонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми кишвари мо, инчунин аз иштироки ҳайати баландрутбаи давлати Тоҷикистон изҳори сипос кард. Дар айни замон азму иродаи мардуми Афғонистонро ҷиҳати таъмин ва тақвияти дўстии таърихии байни ду кишвар бори дигар таъкид намуд.
Пас аз иштирок дар маросими фотиҳаи устод Раббонӣ ҳайати намояндагии ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати давлат ва аҳли хонаводаи марҳум бори дигар изҳори тасллият ва ҳамдардӣ намуда, ба Ватан баргашт.{jathumbnail off}