Эмомалӣ Раҳмон бо низомиён мулоқот мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Артиши миллӣ бо сарбозону афсарони кишвар мулоқот карда, паёми табрикотияшро ироа хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-уми феврал дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе доир шуда, зимни он раисиҷумҳур дар мавриди фаъолияти Артиши миллӣ низ ибрози назар мекунад: “Дар ин чорабинӣ маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона низ баргузор мегардад”.
Манбаъ мегӯяд, санаи 23-уми феврал бо иштироки Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва роҳбарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ доир хоҳад шуд.