Руҳонии тоҷик дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва фаромушӣ аз суннатҳои Паёмбар
Дар пайи баҳсҳои зиёд сари зиёну манфиати никоҳи хешу таборӣ Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ бо нашри матлабе хостааст, ба ин гуфтумонҳо нуқта гузорад.
Руҳонии тоҷик дар ин матлаб, ки дар саҳифаи Фейсбукияш нашр кард, гуфтааст, Паёмбари Ислом ҳанӯз ҳазору 400 сол пеш омили аслии носолимии кӯдаконро зикр карда буд. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Имом Тирмиз (р) ривоят шудааст, мегӯяд: "Тифле, ки таваллуд мешавад дар гарави ақиқаи хеш аст". Абдуалии Муҳаммадӣ мегӯяд, манзури Паёмбар (с) аз гуфтаҳо ин аст, ки саломатӣ ва рушди кӯдак дар гарави ақиқаи ӯст.
Руҳонии тоҷик Ақиқа ё худ куштани ду гусфанд барои соҳиби писар шудан ва як гусфанд барои духтарро яке аз суннатҳои дӯстдоштаи Муҳаммад (с) ном бурда, афзудааст, ки ҳар тифле дар хонадони паёмбар (с) таваллуд мешуд, бо вуҷуди фақру тангдастӣ барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд мекуштанд.
Дар идомаи матлаби Абдуалии Муҳаммадӣ аз фаромуш шудани ин суннати Муҳаммад (с) дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ибрози нигаронӣ шуда, ӯ мегӯяд, мардуми тоҷик ҳоло суннати Памёбарро канор гузошта, ҷои онро ба гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд. Ӯ инчунин аз суннатҳои дигари марбут ба таваллуди фарзанд низ ёдовар шудааст, ки ба иддаои ӯ иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад ва носолимии кӯдакон натиҷаи фаромӯшавии онҳост, на никоҳи хешу таборӣ:
1. Азон дар гуши росташ ва қомат дар гуши чапаш, яъне аввалин овозе ки дар гуши тифл мерасад бояд садои азон бошад то бо ин садо унс гирад ва дар оянда ҳидоят ёбад.
2. Таҳник, шираи хурморо дар даҳони тифл молидан, яъне аввалин ғизое ки дар бадани тифл меравад бояд шираи хурмо бошад, илми ҷадид исбот намудааст ки тифл вақте тавалуд мешавад қандаш паст мегардад, пас иҷрои ин суннат барои саломатиаш фоида дорад.
3. Ақиқа, фарзанд, ки ҳадя ва бахшиши Худои мутаъол мебошад вақте солим таваллуд мешавад бар ваҷҳи шукр бояд ақиқа карда шавад, то Худои мутаъол ҳифз ва ҳидояташ кунад.
4. Тарошидани муйи сари тифл ва ба вазни муяш нуқра садақа додан, инро низ илми ҷадид исбот намудааст, ки гузоридани муйи сари тифл барои саломатиаш зарар дорад.
5. Номи нек, гузоштани номе, ки ба некукорӣ далолат кунад, яъне номе, ки маънои хуб ва зебо дошта бошад, на номҳои бе маъно мисли сангу хок ё тешаву табар, чун Худои мутаъол одамро мукаррам офаридааст пас бояд номаш ҳам мукаррам бошад.