Суҳбати вазирони тоҷику эронӣ: Дар ноамнӣ Амрикою Исроил гунаҳкоранд
Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз, 19-уми феврал дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода гуфтааст, ки терроризм, ифротгароӣ ва одамрабоӣ мушкилоти мусибатбор дар минтақа боқӣ мондаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Раҳмонии Фазлӣ изҳор доштааст, ки ин зуҳуроти номатлуб бо пуштибонии Амрико, режими Исроил ва чандин ҳаракатҳои дигар роҳандозӣ мешаванд. Ин мақоми баландпояи Эрон дар идома гуфтааст, ки иқдоми гуруҳҳои террористии таҳти ҳимояти хориҷиҳо ба бесуботӣ, буҳрон ва ноамнӣ дар минтақа мунҷар мешаванд. “Аз ин рӯ саҳми кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ метавонад барои эҷоди амният кумак кунад. Тоҷикистон дар ин самт бо Эрон ва кишварҳои дигар робитаи хуб дорад.”-гуфтааст вазири Эрон.
Ӯ таъкид намудааст, ки Эрон, Тоҷикистон ва Покистон метавонанд алайҳи терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ якҷоя мубориза баранд.
Рамазон Раҳимзода низ дар навбати худ гуфтааст, ки гуруҳҳои террористӣ тамоми ҷаҳонро ба бесуботӣ расондаанд ва афзудааст, ки Эрону Тоҷикистон нақшаҳои худро дар робита мубориза бо терроризм густурда кунанд.