Худкушии ду хонандаи мактаб дар се рӯзи ахир
Дар се рӯзи ахир ду хонандаи мактаб худро овехтаанд.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, М.М., хонандаи синфи 11-и мактаби миёни ноҳияи Конибодом рӯзи гузашта, 18 феврал қасд ба ҷони худ кардааст: “Ин сокини ҷамоати Ҳамробоеви ноҳияро дар анбори манзили истиқоматиашон овехта дарёфтаанд”.
Ҳоло сабаби даст ба худкушӣ задани ин духтари мактабхон маълум нашудааст.
Шурӯъ аз аввали соли равон ин ҳодисаи чорумии худкушии ноболиғон дар қаламрави вилояти Суғд аст.
Хабари ба ҷони худ бо роҳи овехтан қасд кардани як духтари 17-сола аз вилояти Суғд дар ҳолест, ки бино ба иттилои хабаргузории "Тоҷнюс" рӯзи 15 феврал дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон як духтари синфи 9-и мактаби №16 дар оғил худро овехтааст. Манбаъ мегӯяд, тафтиши пешакӣ нишон дода, ки волидони ин духтар зуд зуд бо ҳам муноқиша мекардаанд.